Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Игалиев аз сайёҳони Қазоқистон дар Урдун


Ба сайёҳони Қазоқистон дар Урдун тавсия дода шудааст, то аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигиранд ва ба ҷойҳои серодам нараванд.

Марат Игалиев, сардори Раёсати сайёҳии Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон дар Фейсбук аз ҳамватанонаш, ки дар Урдунанд, хостааст, баъди ҳамлаҳои ҷангиён дар ин кишвар эҳтиёткор бошанд ва ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ гӯш бидиҳанд.

Ҳамчунин Марат Игалиев аз ширкатҳои сайёҳӣ хостааст, ки ба муштариёни худ аз хатарҳои эҳтимолӣ дар Урдун хабар диҳанд.

Ба иттилои хадамоти амнияти Урдун, дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дидбонгоҳи пулиси ал-Карак, ки дар наздикии он бузургтарин қалъаи асримиёнагии маъруф миёни сайёҳон ҷойгир аст, 10 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд. Миёни кушташудаҳо чанд корманди пулис, ду сокини осоишта ва сайёҳон аз Канада низ ҳастанд.

Ҳамлаи 18 декабр хунинтарин ҳодисаи Урдун тайи чанд соли ахир шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG