Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҷаласаи порлумон ҷанҷол барангехт?


Президенти Лаҳистон (Полша) Анҷей Дуда ба ташхиси ҳуқуқии ҷаласаи рӯзи ҷумъаи порлумон, ки мухолифон онро ғайриқонунӣ меҳисобанд, даъват кардааст. Дуда рӯзи 18 декабр бо роҳбарони мухолифин мулоқот кардааст.

Ҷонибдорони ҳизбҳои мухолиф рӯзи севум аст, ки ба фаъолияти порлумон халал мерасонанд. Онҳо талаб доранд, ки раъйдиҳии буҷаи соли 2017 дубора баргузор шавад. Эътирозгарон, инчунин, аз тағйири шеваи кори порлумон, ки ҳизби "Ҳуқуқ ва адолат" пешниҳод кардааст, то рӯзноманигорон ба ҷаласаҳо роҳ дода нашаванд, норозӣ ҳастанд. Ҷонибдорони ҳизбҳои мухолиф ният доранд, то 20 декабр эътирозашонро давом диҳанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта дар ҷаласаи порлумон вакилони ҳизбҳои мухолиф минбари ҷаласаро бастанд. Сарфи назар аз рафтори мухолифон, порлумон дар утоқи дигар чанд қонунро қабул кард. Ба ин далел, мухолифон мегӯянд, баргузории раъйдиҳии рӯзи ҷумъаро ғайриқонунӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG