Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ютубу Инстаграм дастнорас шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон хабар доданд, ки рӯзи 16 декабр дастрасӣ ба баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шудааст. Маҳамбет Абҷон дар шаҳри Остона гуфт, ҳангоми талоши кушодани Фейсбук, Инстаграм ва Ютуб навиштаи "Интернет нест" рӯйи экран пайдо мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Твиттерро ба сахтӣ боз мекунанд. Раҳбари созмони "Ак жебе" Мақсуд Насибулов низ хабари дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоиро тасдиқ кард, вале гуфт, ки шабакаи русии “ВКонтакте” кор мекунад. Ютуб, Фейсбук, Инстаграм ва почтаи Gmail низ дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Алмаато боз нашуданд. Дар Қазоқистон солҳои охир чунин мушкил пеш меояд. Ягона ширкати миллии фароҳамкунандаи интернет “Казахтелеком” ин вазъро ба мушкили фаннӣ, бахусус мушкили компютеру телефонҳои сокинон марбут донистааст.

XS
SM
MD
LG