Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 25-солагии Истиқлолиятро ҷашн мегирад


Имрӯз - 16 декабр дар Қазоқистон Рӯзи Истиқлолият таҷлил мешавад. 25 сол пеш қонуни конститутсионӣ дар бораи истиқлолияти Қазоқистон қабул шуда буд.

Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар дар суханронии бахшида ба истиқлолият аз дастовардҳои кишвараш дар 25 соли охир ёдоварӣ кардааст. Вай ба ҳукуматаш дастур додааст, ки соли 2017 нафақаро 20 дарсад бештар кунад ва ҳамчунин пардохти якдафъаина барои таваллуди тифлро аз 1 июли соли 2017 20 дарсад боло барад.

Назарбоев ҳамчунин аз ёдгории 25-солагии истиқлолият пардабардорӣ кардааст.

Муҷассамаи 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон давоми 3,5 моҳ бо меъмории хос аз мармари сурх сохта шудааст.

16 декабр дар ин кишвар ҳамчунин аз ҳодисаҳои 30-солагии Декабри соли 1986 - замоне, ки дар шаҳри Алмаато донишҷӯён ва коргарони ҷавон эътироз карданд ва панҷсолагии рӯйдодҳои Жанаозен, замоне, ки пулис сӯи нафткашони эътирозгар тир кушод, ёдоварӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG