Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Шинзо Абе ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Дар Ҷопон мулоқоти дурӯзаи Шинзо Абе, нахуствазири ин кишвар ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шурӯъ шуд. Шинзо Абе рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Нагано гуфт, ки мулоқоти имрӯз ва фардо байни раҳбарон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба фавқуллода кумак мекунад. Баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина дар моҳи марти соли 2014 бори аввал аст, ки Владимир Путин ба Ҷопон сафар мекунад. Ҷопон ҳам барои ғасби Қрим ба зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардааст. Ду тараф чанд созишнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла, технологияҳои тиббӣ ва энержӣ ба имзо мерасонанд. Интизор намеравад, ки Ҷопон ва Русия дар бораи баҳс сари ҷазираҳое, ки нерӯҳои шӯравӣ дар охири Ҷанги ҷаҳонии дуввум аз Ҷопон ғасб карданд, ба мувофиқа бирасанд. Русия ин ҷазираҳоро Курили ҷанубӣ ва Ҷопон Манотиқи Шимолӣ меномад. Барои ҳамин ҷазираҳо то кунун ду тараф аҳдномаи сулҳ имзо накардаанд.

XS
SM
MD
LG