Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбномаи нав алайҳи раиси бозори "Ином". ВИДЕО, САДО


Бурҳон Абдуллоев

Бурҳон Абдуллоев – раиси собиқи бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритус – баъди се ҳафтаи раҳоӣ аз зиндон дубора ба додгоҳ кашида шуд. Ин дафъа ҳам Раёсати корҳои дохилии Хатлон алайҳи Абдуллоев бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз кардаааст.

Эълони айбномаи нав алайҳи раиси бозори "Ином"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим

Бозори "Ином" яке аз бозорҳои бузурги ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буда, қаблан гуфта мешуд, дар онҷо то се ҳазор нафар кор мекунанд.

Ба қавли мақомоти умури дохилии Хатлон, Қурбон Давлатов ва Толиб Қурбонов – ду соҳибкори бозори "Ином" – шикоят кардаанд, ки раиси пешини бозор ду дӯконро фурӯхта, аммо ба номашон нагузаронда буд. Як мақоми Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, "Давлатов ва Қурбонов даъво доранд, ки дар хариду фурӯши мағоза фиреб сурат гирифтааст. Ҳоло расман алайҳи Абдуллоев бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст." Раёсати корҳои дохилии Хатлон мегӯяд, феълан таҳқиқи парвандаро муфаттиши ин ниҳод Х.Самеъзода пеш мебарад ва ҳанӯз тафтишот анҷом наёфтааст.

Видеои Бурҳон Абдуллоев баъди раҳоӣ аз зиндон:

Раиси пешини бозори "ИНОМ": Ба худо супурдам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Бурҳон Абдуллоев, раиси собиқи бозори "Ином" рӯзи 14 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ парвандаи навро "сохта" номид ва гуфт, ин тасмими мақомот ӯву хонаводаашро сахт нигарон кардааст. Вай гуфт, "дар ҳақиқат, ду дӯконе, ки дар канори бозори “Ином” буд, ба ду сокини Шаҳритус фурӯхтем ва санадҳои мағозаи аввалро дуруст кардем. Аммо дар мавриди мағозаи дувум ҳанӯз ҳуҷҷатҳоро ба итмом нарасонда будем, ки маро се сол равонаи зиндон карданд."

Бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритус
Бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритус

Абдуллоев афзуд, дар пайи зиндонӣ шуданаш ин кор ҳалношуда боқӣ монд ва баъд аз раҳоияш аз маҳбас ба ӯ фурсат надоданд, ки корро ниҳоӣ кунад. Хонаводаи Бурҳон Абдуллоев мегӯянд, рӯзи 13 декабр барои мусоидати президенти Тоҷикистон ба ин қазия ба Дастгоҳи президент, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ нома фиристоданд. Дар ин нома гуфта шудааст, ки онҳо ҳамаи санадҳои хариду фурӯши мағозаҳоро бар асоси қонунҳои ҷории кишвар омода кардаанд ва дар даст доранд. “Танҳо хоҳиш дорем, ки ин парванда дар чаҳорчӯби қонун ва адолат сурат гирад”, - таъкид карданд онҳо.

Бурҳон Абдуллоев, ки дар пайи баҳси тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев – додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон – соли 2014 боздошт ва баъдан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, дар охири моҳи ноябри имсол аз маҳбаси Қӯрғонтеппа раҳо шуд.

Бурҳон АБдуллоев дар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Бурҳон АБдуллоев дар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Бозори "Ином" яке аз бозорҳои бузурги ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буда, қаблан гуфта мешуд, дар онҷо то се ҳазор нафар кор мекунанд. Додгоҳи олии иқтисодӣ моҳи майи 2014 қарор карда буд, саҳмияҳои бозори "Ином" байни Абдуллоевҳо аз як тараф ва Холназар Достиеву Муҳибулло Саъдуллоев аз тарафи дигар 50 ба 50 тақсим карда шавад.

Раиси пешини бозори “Ином” ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, аз онки адолати додгоҳӣ вуҷуд надорад, барои саҳмаш дар ин бозор дигар даъво намекунад. Вай гуфта буд, мехоҳад ду фарзандашро, ки ба балоғат расидаанд, хонадор кунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG