Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини бозори "Ином": Ба Худо супурдам. ВИДЕО


Бурҳон Абдуллоев.

Бурҳон Абдуллоев, раиси пешини бозори “Ином”, ки чанд рӯз пеш аз маҳбас озод шуд, мегӯяд, аз онки адолати додгоҳӣ вуҷуд надорад, барои саҳмаш дар ин бозор дигар даъво намекунад.

Бурҳон Абдуллоев рӯзи 7 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир зиндагии хонаводаашро сару сомон медиҳад ва бояд ду фарзандашро, ки ба сини балоғат расидаанд, хонадор кунад. Ӯ ба ин суол, ки оё ба адолат бовар дорад, гуфт, ки "вақте адолат мегӯем, ба қозии калон супоридем. Адолатро дар рӯзи маҳшар худаш таъмин мекунад."

Раиси пешини бозори "ИНОМ": Ба худо супурдам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Раиси пешини бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритус моҳи декабри соли 2014 боздошт ва баҳори соли гузашта бо қарори Додгоҳи вилояти Хатлон ба се соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳабси ӯ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар маркази бозори Ином Ҳошим Ризвонов, як сокини ноҳияи Шаҳритус, бо 10 шишаи бензин дар дохили як халта боздошт шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Ризвонов ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ӯро Ҳоҷӣ Бурҳон (Абдуллоев) дастур дод, то бозорро оташ занад.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2014 қарор кард, ки саҳмияҳои бозори "Ином" байни Абдуллоевҳо аз як тараф ва Холназар Достиеву Муҳибулло Саъдуллоев - додарарӯси раиси ҷумҳур аз тарафи дигар, 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо чунин тақсимотро ноодилона номида ва хостори саҳми бештар буданд.

Бозори "Ином" яке аз бозорҳои бузурги ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буда, қаблан гуфта мешуд, ки дар онҷо то се ҳазор нафар кор мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG