Майра Рисманова, зане ки ҳафтаи гузашта назди бинои додситонии кулли Қазоқистон худро оташ зад, дар бемористон вафот кардааст. Дар ин бора наздикони Рисманова хабар медиҳанд. Майра Рисмановаи 48-сола, сокини вилояти Ҷамбули Қазоқистонро бо ҷароҳати вазнин рӯзи 6 декабр дар бемористон бистарӣ карданд. Тавре додситонӣ мегӯяд, ин зан, ба эҳтимоли зиёд, дар пайи норизоӣ аз ҳукми зиндони писараш худро оташ задааст.
7 декабр додситони кулли Қазоқистон воқеаи худсузии занро "ҳодисаи даҳшатбор" номид ва ваъда кард, ки "шахсан" таҳқиқи саргузашти Рисмановаҳоро зери назар мегирад.
Моҳи июни соли 2015 писари Майра Рисманова бо айби нигаҳдории маводи мухаддир 4,5 сол зиндонӣ шуд. 20 августи соли ҷорӣ додгоҳи зинаи болоӣ ҳукми писари Рисмановаро бе тағйир боқӣ гузошт.