Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори интиқоли "Чеченский спецназ" ба Сурия баҳсбарангез шуд


Аз рӯи навори видеои интиқоли гурӯҳҳои вежаи Чеченистон ба Сурия, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора "Росбалт" бо такя ба манбаҳояш хабар додааст. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ панҷ нафар, бо шумули як афсар боздошт шудаанд.

Биноба гуфтаи "Росбалт" дар ҷараёни таҳқиқи ин қазия маълум шудааст, ки сарбозон дар ин замина аз фармондеҳон ҳеҷ тавсияе дарёфт накарданд ва наворро барои худ бардошта баъдан бо бархе аз дӯстонашон дар миён гузоштанд.

Манбаи "Росбалт" гуфтааст, ки сарбозон бо ин амал қабл аз ҳама ҷони худро зери хатар гузоштанд ва маълумоти ҳаракати бахшҳои вазорати дифои Русияро дастраси омма карданд.

Ҳафтаи гузашта тарҳи "Кавказ.Реалии" навори худсохтеро пахш кард, ки дар он сарбозони мустақар дар погоҳи Ханкали Чеченистон, ки бештар бо номи "Чеченский спецназ" маълум аст, барои интиқол ёфтан ба Сурия омода мешуданд.

Рӯзи 8 декабр нашрияҳои "Коммерсант" ва "Известия" бо ишора ба манбаҳои худ аз интиқоли "Чеченский спецназ" ба Сурия хабар доданд. Ба гуфтаи ин ду нашрия, гурӯҳҳои вежаи "Запад" ва "Восток" дар Сурия пойгоҳи ҳавоии Хмеймимро, ки нерӯҳои Русия дар он мустақар шудаанд, ҳифз мекунанд.

XS
SM
MD
LG