Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳоким нахуствазири ояндаи Узбакистонро муайян кард


Сенати Узбакистон
Сенати Узбакистон

Ҳизби ҳокими Либерал-Демократи Узбакистон номзадии Абдулло Ориповро ба мақоми нахуствазири ин кишвар пешниҳод кард. Ин мақом баъди маросими савганди Шавкат Мирзиёев ба сифати раиси ҷумҳур холӣ мешавад.

Ҳизби Либерал-Демократ, ки аз номзадии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳур, рӯзи 4 декабр пуштибонӣ кардааст, дар саҳифаи худ навиштааст, "Орипов ин тавонро дорад, ки масъулияти ислоҳотро бар дӯш бигирад".

Шавкат Мирзиёев аз соли 2003 нахуствазири Узбакистон аст. Ӯ дар интихоботи президентии ин кишвари шадидан таҳти назорат, ба осонӣ ва баъди се моҳи мурдани раҳбари дарозумри ин кишвар Ислом Каримов пирӯз шуд.

Абдулло Орипов 55 сол дорад ва дар солҳои 2002-2012 дар мақоми ноиби нахуствазир фаъолият кардааст. Мирзиёев миёнаҳои моҳи октябр ӯро дубора ба мақоми ноиби нахуствазир тайин кард.

XS
SM
MD
LG