Эрон бо ширкати амрикоии "Боинг" барои харидории 80 ҳавопаймои мусофирбар ба маблағи беш аз 16 миллиард доллари ИМА созишнома имзо кардааст. Ба иттилои хабаргузории ИРНА, раиси ширкати Iran Air Фарҳод Парвариш гуфтааст, ки 11 декабр миёни намояндагони ду ширкат барои харидории 50 "Боинг-737" ва 30 "Боинг-777" шартнома имзо шудааст. Ба гуфтаи вай, Эрон ин ҳавопаймоҳоро тайи 10 соли оянда дастрас хоҳад кард. Ширкати "Боинг" низ хабари мазкурро тасдиқ кардааст.
Созишномаи мазкур баъди он ба имзо расид, ки Вазорати молияи ИМА ба Boeing ва рақиби аврупоияш Airbus иҷозат дод, то ба Эрон ҳавопаймо фурӯшанд. Ба ҷуз ин, имзои созишнома дар арафаи маросими савганди Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА, ки созиши ҳастаи миёни Теҳрон ва ҷомеаи ҷаҳониро интиқод кард, эълон мешавад. Дар доираи ин созиш таҳримҳои байналмилалӣ зидди барномаҳои ҳастаии Эрон бекор шуданд.