Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати раиси Иттиҳоди оҳангсозони тоҷик дар садама


Шӯҳрат Ашӯров моҳи июни имсол раиси Иттиҳоди композиторони Тоҷикистон интихоб шуда буд
Шӯҳрат Ашӯров моҳи июни имсол раиси Иттиҳоди композиторони Тоҷикистон интихоб шуда буд

Шӯҳрат Ашӯров, раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон, ки ҳамагӣ дар моҳи июни имсол ба ин мақом расида буд, дар як садама ҷон бохтааст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 11 декабр гуфтанд, ҳодиса баъд аз зӯҳри шанбе рух дода, вазъи саломати мусофирони дигар хуб аст. "Ҳодиса ҳангоми бозгашт аз Ёвон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст", - афзуд манбаъ.

Шӯҳрат Ашӯрови 54-сола зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, соли 1984 факултаи маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан, соли 1989 дар факултаи дрижёрии хори Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо таҳсиашро идома дода, дар тӯли солҳои 1998-2006 мудири Оркестри давлатии симфонии назди ҳукумати Маскав, пойтахти Русия буд.

Ҷаласаи пеш аз мӯҳлати Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон. Моҳи июни соли 2016
Ҷаласаи пеш аз мӯҳлати Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон. Моҳи июни соли 2016

Ашӯров соли 2006 ба Ватан баргашт ва аз соли 2009 то 2011 ба ҳайси муовини аввали раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон кор кардааст. Вай моҳи июни имсол дар ҷаласаи пеш аз мӯҳлати Иттиҳоди композиторони кишвар раиси созмон интихоб шуд ва дар ин мақом Қудратулло Ҳикматовро иваз кард. Ӯ ҳамзамон раҳбарии кафедраи композитории Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи бадеии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG