Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бурунрафти шӯришгаронро аз Ҳалаб бо ИМА матраҳ мекунад


Москва мегӯяд, дар бораи берун рафтани ҳамаи шӯришгарон аз Ҳалаби Сурия бо Вашингтон гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтушунид бо ИМА дар бораи ақибнишинии шӯришгарон рӯзҳои 6-7 декабр дар Женева баргузор мешавад. То ҳол мақомоти ИМА, ки баъзе аз гуруҳҳои шӯришгарро дар Сурия пуштибонӣ мекунанд, ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

"Гуруҳҳои мусаллаҳе, ки тарки шарқи Ҳалабро рад мекунанд, террорист дониста хоҳанд шуд ва мо бо онҳо монанди террористу ифротгароён муносибат мекунем. Ҳамчунин ба артиши Сурия дар амалиёти зидди ин гуруҳҳои ҷиноӣ ёрӣ хоҳем расонд", - гуфтааст Лавров 5 декабр дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар ҳамин ҳол, шӯришгарони Сурия гуфтаанд, ки шарқи Ҳалабро тарк нахоҳанд кард. Намояндаи яке аз гуруҳҳои калидӣ дар Ҳалаб "Нуриддин аз-Зинки" Ёсир ал-Юсуф зимни суҳбат бо AFP пешниҳоди мазкурро ғайриқобили қабул хонд. Закариё Малахифҷӣ, раҳбари гуруҳи дигари шӯришагрон низ дар суҳбат бо Reuters гуфтааст, "ягон одами оқил, ки каме ҳам бошад ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ дорад, шаҳрро тарк нахоҳад кард".

XS
SM
MD
LG