Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълумоти маҳрамонаи ИА оиди террористҳо ба интенет роҳ ёфт


Иттилооти маҳрамона дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ки пулиси Иттиҳоди Аврупо таҳқиқ мекард, тасодуфан дастраси ҳамагон шуд. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс гузориш додааст.

Маълумоти маҳрамона бо айби корманде пахш шуд, ки онро дар сахтафзори беамният ҳифз кардааст. Файлҳое, ки дар интернет пайдо шуданд, дар бораи беш аз 50 таҳқиқ маълумот доранд. Дар "Европол" инро "ҳодисаи бисёр ҷиддӣ" арзёбӣ карданд.

Айни замон таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад. Мақомот мегӯянд, ки дастраси ҳамагон шудани маълумоти сиррӣ ба ҷараёни тафтишоти гурӯҳҳои террористӣ халал ворид накардааст.

XS
SM
MD
LG