Муовини вазири хориҷии Русия Михайил Богданов гуфт, ки Маскав умедвор аст вазъияти Ҳалаб, шаҳре дар шимоли Сурия то поёни сол ҳал шавад.
"Мо бояд террористҳоро берун кунем, ҳамон тавр, ки ҷангиёни "Давлати Исломӣ" бояд аз Раққа ва шаҳри Мавсил ронда шаванд" - навиштааст хабаргузории РИА Новостӣ рӯзи 30 ноябр аз қавли Богданов.
Русия шарики калидии президенти Сурия Башор Асад аст, ки нерӯҳои ӯ аз охири ҳафта беш аз се минтақаро дар Ҳалаб, ки таҳти назари шӯришгарон қарор дошт, ба даст оварданд.
Хабаргузории ТАСС ҳам аз қавли Богданов навиштааст, ки Маскав дар масъалаи Сурия бо президенти мунтахаби Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар тамос шудааст.
Доналд Трамр қурдатро дар Амрико моҳи январ ба даст мегирад.