Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ҳизбу Таҳрир ба 16 соли зиндон маҳкум шуд


Доргоҳи музофоти Маскав дар як мурофиаи сайёр дар Санкт Петербург сокини вилояти Псков Дмитрий Михайловро барои таъсиси бахши Ҳизбу Таҳрир ба мӯҳлати 16 сол дар маҳбаси низомаш сангин зиндонӣ кард.

Биноба санадҳои парвандаи ҷиноӣ аз моҳи май то июни соли 2014, дар чаҳорчӯби парвандаи фаъолияти созмони мамнӯи Ҳизбу Таҳрир беш аз 30 нафар боздошт шудааст. Дар байни онҳо раҳбарони ҳизб ва аъзои қаторӣ ҳузур доранд, ки бархе таҳти мурофеа буда бархе ҳам зиндонӣ шудаанд.

Ба маълумоти бахши Хадамоти амнияти Русия дар Петербург ва вилояти Ленинград, раҳбарии ин гурӯҳро зодаи Доғистон, мураббии кӯдакон дар бахши каратэ Исро Раҳимов ва Дмитрий Михайлов, сокини Псков, ки исломро қабул кардааст, дар дӯш доштанд. Онҳо моҳи апрели соли 2015 боздошт шуданд.

Айбдоркунандаҳо мегӯянд, ки шаш нафари қаблан боздоштшуда ва Михайлов бо Раҳимов ба таври муназзам дар чанд маҳаллаи Петербург ҷаласаҳои пинҳонӣ доир мекарданд ва ҷонибдорони навро ба сафи ин ҳизби мамнӯъ ҷалб мекарданд.

XS
SM
MD
LG