Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдории 70 дар сади русҳо аз рушди равобит бо Ғарб


Маркази омӯзиши афкори умуми "Левада" мегӯяд, аз се ду ҳиссаи сокинони Русия, яъне 71 дар сад, аз рушди равобити сиёсӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои Ғарб пуштибонӣ мекунанд. Назарсанҷӣ моҳи ноябри имсол баргузор шуд. Ин нишондиҳанда ба ҳадди аксари таърихии моҳи марти соли 2000, ки он замон 79 дар сад аз наздикшавӣ бо Ғарб тарафдорӣ карданд, баробар аст.

Ҳадди ақалли мутлақ моҳи июли соли 2015 мушоҳида шуд ва он замон 50 дар сад тарафдори наздикшавӣ бо Ғарб ва 37 дар сад ҷонибдори коҳиши равобит буданд. Ҳамзамон бо ин, ҷомеашиносон коҳиши назари манфии сокинони Русияро ба Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо мушоҳида кардаанд. 56 дар сад ба Амрико ва 54 дар сад ба Иттиҳоди Аврупо назари мусбат надоранд. Дар ду моҳ ин нишондод дар робита ба Амрико 8 дар сад ва дар баробари Иттиҳоди Аврупо 4 дар сад коҳиш ёфтааст.

Дар назарзанҷии "Левада", инчунин, муносибати сокинони Русия ба Украина зикр шуд. Назарсанҷӣ нишон дод, ки муносибати русҳо ба Украина дар муқоиса бо моҳи октябр чанд зина боло рафта аз 26 ба 33 дар сад расидааст.

Равобити Русия бо Ғарб аз соли 2014 дар ҳоли бӯҳронӣ қарор дорад. Баъд аз ишғоли Қрим ва дахолати Русия ба низои шарқи Украина давлатҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG