Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кубагиҳо бо Фидел Кастро видоъ мекунанд


Даҳҳо ҳазор сокини Куба ба хотири изҳори эҳтиром ба раҳбари худ Фидел Кастро, ки рӯзи 25 ноябр аз дунё гузашт, дар Майдони Инқилоби воқеъ дар маркази Ҳавана ҷамъ омада, дар атрофи кӯзаи ҳомили хокистари ӯ давр заданд.

Маросими умумии хайрбод бо Фидел Кастро, ки ду рӯз идома мекунад, 28 ноябр соати 9-и вақти маҳаллӣ (15 ба вақти Прага) оғоз шуд ва бо гирдиҳамоие дар майдон анҷом мешавад, ки дар он раҳбари зиддунақизи Куба дар тӯли 50 соли фаъолияташ борҳо суханронӣ кардааст.

Тасвири бузурги Фидел Кастрои ҷавон, бо камоне дар даст, дар девори пеши Китобхонаи Миллӣ, воқеъ дар Майдони Инқилоб насб шудааст.

Ба гуфтаи ҳукумати Кӯба мотамдорон бо изҳори эҳтиром ба Кастро ба савганди тантанавӣ имзо мегузоранд, ки консепсияи инқилобии ӯро иҷро мекунанд.

Маросими видои раҳбарони хориҷӣ бо Фидел Кастро рӯзи 29 ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG