Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, дар раъйдиҳии мардумӣ пирӯз шудааст


Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп мегӯяд, "агар миллионҳо раъйи ғайриқонунӣ ба ҳисоб гирифта нашавад", вай дар раъйдиҳии мардумии 8 ноябр пирӯз шудааст. Трамп, ки раъйи кофии коллегияҳои интихоботиро ба даст овардааст, дар ин бора рӯзи якшанбеии 27 ноябр дар Твиттер навиштааст.

Трамп дар идома навиштааст, ки дар иёлатҳои Вирҷиния, Ню-Ҳемпшир ва Калифорния - ҷойҳое, ки номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон раъйи бештар овардааст, "тақаллубкории густарда" сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, президенти тозаинтихоби ИМА барои ин гуфтаҳояш далеле наовардааст. Изҳороти Трамп баъди он нашр шуд, ки ситоди Клинтон хабар дод, дар бозшумории раъйҳо дар иёлати Висконсин ширкат мекунад.

Клинтон дар раъйдиҳии мардумӣ нисбат ба Трамп ду миллион овози бештар ба даст оварда буд. Аммо натиҷаи ниҳоии раъдиҳӣ дар ИМА ба раъйи коллегияҳои интихоботӣ вобастааст.

XS
SM
MD
LG