Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия мегӯяд, "Масокин Ҳанано"-ро пас гирифт


Нерӯҳои давлатии Сурия мегӯянд, ки рӯзи шанбе муваффақ шуданд, контрол ё назорати комили минтақаи “Масокин Ҳанано” дар шарқи Ҳалабро дар даст гиранд. Ба гузориши телевизиони давлатии Сурия, минтақаи “Масокин Ҳанано” тайи чор соли гузашта муҳимтарин пойгоҳи шӯришиён дар шарқи Ҳалаб буда ва ҳамакнун амалиёти поксозии ин минтақа аз бомбаву маводи дигари тарканда дар ҷараён аст. Айни замон, ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ромӣ Абдураҳмон – мудири дидбони ҳуқуқи башари Сурия – қароргоҳаш дар Лондон аз кушта шудани 212 ғайринизомӣ, аз ҷумла 27 кӯдак бар асари бомбаборон дар шарқи Ҳалаб ва тайи даҳ рӯзи гузашта хабар додааст. Артиши Сурия бо пуштибонии ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз ду моҳ пеш амалиётеро дар Ҳалаб оғоз карда ва ба иддаояш муваффақ шудааст, ки манотиқеро таҳти идораи худ дароварад.

XS
SM
MD
LG