Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамлаи террористӣ дар Порис ҷилавгирӣ шудааст


Франсуа Молен, додситони Порис гуфт, панҷ гумонбаре, ки ба наздикӣ дар шаҳрҳои Фаронса дастгир шуданд, рӯзи якуми декабр дар атрофи пойтахти ин кишвар қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро доштанд. Додситони Порис рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ гуфт, чаҳор гумонбар дар Старсбург ва нафари панҷум дар Марсел дастгир шуданд. Ба қавли додситон, “ин афрод дастурҳои рамзгузоришудаи худро аз яке аз мақомҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқ ё Сурия дастрас карда буданд”. Ҳамлаҳои соли гузашта дар Порис 130 кушта бар ҷой гузошта буд.

XS
SM
MD
LG