Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин қурбонии Амрико дар ҷанги Сурия


Вазорати дифои Амрико ё Пентагон аввалин қурбонии ин кишвар дар ҷанг алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурияро муаррифӣ кард. Бино ба эъломияи Пентагон, ки шаби гузашта нашр шуд, Скотт Дейтон дарёнавард ва мутахассиси хунсо кардани бомба будааст. Дар эъломияи Вазорати дифои Амрико гуфта мешавад, Скотт Дейтон дар натиҷаи инфиҷори бомба дар шимоли Сурия, дар минтақаи миёни Раққа ва марзи Туркия, сахт захмӣ шуда, баъдан ҷон дод. Вай 42-сола ва сокини Вудбридҷи иёлати Вирҷиния будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG