Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25 ноябр баргузор шуд, масъалаи мубориза бо коррупсия, додани унвонҳои илмӣ ва масоили рушди иқтисоди кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин нишаст, аъзои нави ҳайати мушовараи вазорати адлия ва Бонки давлатии “Амонатбонк” тасдиқ шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси ҳукумат директории Оҷонсии назорати давлатии молияввӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, дар бораи лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо дар “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дигар лоиҳаҳои вобаста ба мубориза коррупсия гузориш додааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи лоиҳаи барномаи миёнмуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2016-2020 гузориш ироа кардааст, ки ба гуфтаи манбаъ, дар доираи татбиқи он, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад.
Ҳамчунин дар ин иҷлос 6 хулосаи ҳукумат, аз ҷумла хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст.
Дар маҷлиси ҳукумат вазири маориф Нуриддин Саидов дар бораи барномаи давлатии рушди муассисаҳои маорифи Хатлон, Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар бораи “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологииТоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ва раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ” Абдуҳаким Розиқзода дар бораи тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ, тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор ва тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда, гузориш додаанд.
Иҷлосияи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.