Бар асари яхбандии роҳ ду нафар дар вилояти Хатлон ба ҳалокат расидаанд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон мошини ЗИЛ-131-и корманди муассисаи давлатии назорати роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳангоми пошидани хоку қум дар роҳҳои маҳалли "Маданият" бинобар яхбандӣ чаппа шудааст. Бар асари ин ҳодиса ду корманди ин муассиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Аз чанд рӯз ба ин тараф дар Тоҷикистон боридани барф идома дорад ва мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро аз хатароти яхбандиҳо огаҳ кардаанд. Ба гуфтаи ҳавошиносон, сардиҳо то охири ҳафта идома мекунанд.