Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ барои музокироти Русия ва ИМА


Дабири кулли СММ аз Русия ва ИМА даъват кард, ки музокиротро бо ҳадафи коҳиши силоҳҳои ҳастаии худ аз сар бигиранд. Бан Кӣ Мун дар як суханрониаш дар донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк рӯзи 22 ноябр гуфт, ки умеди азсаргирии музокирот бар сари силоҳҳои ҳастаии миёни Маскаву Вашингтон метавонад боиси коҳиши таниш дар ин масъала шавад. Вай гуфт, тахминан 95 дар сади захираҳои силоҳҳои ҳастаӣ дар қаламрави Русия ва ИМА маҳфуз аст ва ин ду кишвар бояд ба хотири коҳиши ҳаҷми ин силоҳҳо музокиротро аз сар бигиранд. Созиши нави бо номи “START” аз ҳарду кишвар тақозо мекунад, ки кулоҳакҳои ҳастаиро то 1550 адад коҳиш дода, силоҳ ва василаҳои дигарро то соли 2018 кам кунад. Захираҳои аслиҳаи ИМА аз ин шумор камтар аст, вале коршиносон мегӯянд, мушкил ин аст, ки ҳоло Русия барои расидан ба ин ҳадаф майл нишон намедиҳад.

XS
SM
MD
LG