Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп генерал Маттисро раҳбари Пентагон баргузид


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп тасмим дорад, ки номзадии генерали мустаъфӣ Ҷейм Маттисро ба мақоми вазири дифоъ пешниҳод кунад. "Маттис як инсони фавқулода ва тавонманд аст", - навиштааст Доналд Трамп дар саҳифааш дар Твиттер баъди мулоқот бо ин генерал дар бошгоҳи голфбозони канораҳои Ню Йорк. Дар ин бошгоҳ тими Трамп рӯзҳои ахир фаъолона ба таҳияи кабинети вазирон ва мақомоти дастгоҳи раёсати ҷумҳур машғул аст.

Нашрияи The New York Times навиштааст, Маттис ба фарқ аз генерали мустаъфии дигар, Майкл Флинн, ки ёвари Трамп дар умури амнияти миллӣ интихоб шудааст, дар байни ҳамкоронаш обрӯи зиёд дорад. Ӯ дар ҷараёни ҷанги соли 2003 дар Ироқ фармондеҳи бахши 1-уми нерӯҳои пиёданизоми дарёгард буд ва соле баъд шаҳри Фалуҷаро аз шӯришгарони суннӣ бозпас гирифт. Маттис ба ҳайси фармондеҳи артиши Амрико дар минтақаи доғ барномаи хунсо кардани таҳдидҳои низомии Эрон ва ҳимояи робитаҳои дарёӣ дар Халиҷи Форсро тарҳрезӣ кардааст. Ба навиштаи The New York Times, бисёр вақт мавқеи Маттис дар робита ба Эрон аз назари Барак Обама ва мушовирони ӯ тафовут дошт.

Аммо Маттис танҳо дар ҳоле раҳбари Пентагон мешавад, ки агар Конгресс ба ин иҷозат диҳад. Зеро қонун ба сифати як нафари мулкӣ раҳбари вазорат интихоб шудани низомии собиқро, баъди ҳафт соли бознишастагӣ, мамнуъ кардааст.

XS
SM
MD
LG