Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Маскав "Останкино"-ро ба додгоҳ кашид


"Останкино"
"Останкино"

Як сокини Маскав, ки мегӯяд баъди тамошои барномаҳои маркази телевизионии "Останкино" сатҳи ҳушмандиаш (интелект) шадидан поён рафтааст, рӯзи 17 ноябр ба додгоҳ шикоят бурд ва 1 миллион рубл ҷуброни маънавӣ талаб кард.

Роман Масленников ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки шикояти ӯ аз рӯи барномаҳои ин маркази телевизионӣ аст, ки мардумро ҷоҳил кардаанд."

Ин сокини Маскав мегӯяд, ӯ солҳои ахир пайваста телевизион тамошо мекард ва ногаҳон дарёфт, ки муътод шудааст ва агар 30 дақиқа аз экран дур бимонад худро нохуб эҳсос мекунад. Баъди ин Масленников қарор кард, ки рӯзона 2 соат телевизион тамошо кунад.

"Дар тӯли шаш моҳ, ки ман дар рӯз ду соат телевизион медидам, ба ин натиҷа расидам, ки аз мавҷи реклама, сериал ва ахборе, ки Останкино пешкаш мекунад, тавони ақлониям коста ва хотираам кунд шуд, ман ҳатто наметавонам ба ёд биёрам, ки рӯзе пеш ба чӣ кор машғул будам,"- гуфтааст ин сокини Маскав.

Роман Масленнико дар баробари ҳудудан 1 миллион рубл ҳамчунин аз маркази телевзионии "Останкино", макони пахши барномаи телевизиони давлатӣ талаб кардааст, ки тамошобинонро зарари барномаҳояш ба саломатии инсон огоҳ кунад.

XS
SM
MD
LG