Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон 450 омӯзгори туркро аз кишвар меронад


Эътирози шогирдони мактаби байналмилалӣ
Эътирози шогирдони мактаби байналмилалӣ

Покистон амр кардааст, ки омӯзгорон ва дигар кормандони турки мактабҳои маҳаллӣ, ки ба рӯҳонии мухолифи ҳукумати Анкара Фатҳулло Гюлен иртибот доранд, кишварро тарк кунанд. Туркия ин рӯҳонӣ ва тарафдоронашро дар ташкили кудатои низомӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ муттаҳам карда аз кишварҳои муттафиқаш ҳам даъват кардааст, ки муассисаҳои марбут ба Гюленро бубанданд. Аз ҷумла, омӯзгорони мактаби байналмилалии покистонию туркӣ, ки ҳамроҳ бо наздиконашон 450 нафарро ташкил медиҳанд, бояд то 20 ноябр бо амри вазорати дохилаи Покистон ин қаламравро тарк кунанд. Мақомот гуфтанд, ки визаи туркҳоро тамдид намекунанд. Ин таҳаввулот дар ҳоле мегузарад, ки рӯзи 16 ноябр президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Покистон дидан кард. Дар мактаби байналмилалии покистонию туркӣ 10 ҳазор шогирд таҳсил мекунад. Маъмурияти мактаб иртиботаш бо Фатҳулло Гюленро комилан рад карда гуфтааст, ки фаъолияташро дар Покистон идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG