Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним соли таъхири вуруди моли Қирғизистон ба Иттиҳоди АвруОсиё


Маҳсулоти қирғизӣ имкон надорад, ки ба бозори умумии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Москва изҳори назар кардааст.

"Амалан ним сол аст, ки масъалаи бекор кардани назорати бойторӣ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳал намешавад. Ин монеъ мегардад, то маҳсулоти мо дар бозори Иттиҳод гардиш кунад. Системаи моро қабул надоранд ва маҳсулоти мо аз бозор маҳрум шудааст. Ин масъалаи ҳассос аст, ки ҳам аз сӯи сокинон ва ҳам аз сӯи истеҳсолкунандагон бад пазируфта мешавад", - гуфтааст Жээнбеков.

Сарвазири Қазоқистон афзудааст, ки ахиран ҷониби Қазоқистон барои ҳал кардани масъалаи мазкур изҳори омодагӣ кардааст, аммо, ба гуфтаи сарвазир, ҳали масъала аз ҳамаи аъзои Иттиҳод вобаста аст.

XS
SM
MD
LG