Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шведсия таҳқиқи куштори Улоф Палмаро азсар гирифт


Мақомоти Шведсия таҳқиқи куштори нахуствазир Улоф Палма дар моҳи феврали соли 1986-ро азсар гирифтанд. Биноба маълумоти нашрияи The Guardian таҳқиқи дубораи парванда таҳти назорати додситони аршади Стокҳолм Кристер Петрсон сурат мегирад. Петерсон дар соли 2003 куштори вазири умури хориҷии Шведсия, Анна Линдро бозҷӯӣ карда буд.

Нахуствазири Шведсия Улоф Палма 28 феврали соли 1986 аз тарафи як нафари ношинос кушта шуд, ки ба сӯи Плама аз таппонча ду тир кушод ва нопадид шуд. Аз рӯи қазияи ин куштор беш аз 10 ҳазор нафар мавриди бозпурсӣ қарор доштанд. 134 нафар масъулияти кушторро бар дӯш гирифт. Яке аз гумонбаршудаҳо дар соли 1989 барои якумр зиндонӣ шуд, аммо баъдан ӯро озод карданд. Ин куштор то ҳанӯз боз нашудааст.

10 сентябри соли 2003 дар яке аз фурӯшгоҳҳои Стокҳолм, як шахси номаълум ба сари вазири хориҷии Шведсяи Анна Линд якчанд зарба зад ва нопадид шуд. Линд рӯзи дигараш дар бемористон аз дунё гузашт. куштори Анна Линд ва Улоф Палма мардуми ин кишварро такон дод ва дар кори хадамоти амнияти маҳаллӣ дигаргунӣ ворид кард. Аз ҷумла, амнияти аъзои ҳукумат, намояндагони порлумон ва аъзои хонаводаи салтанатӣ ду баробар бештар шуд

XS
SM
MD
LG