Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва писаронаш тарҳи "Корпоратсияи миллии биотехнологии Белорусия"-ро мечархонанд, ки арзишаш 1 миллиард доллар аст. Дар ин бора расонаҳо хабар доданд. "Он ҷо қисман сармояи худи Боқиевҳо ва қисман сармояи дигарон аст, аммо бахши асосии ин маблағ - ҷалби сармояи хориҷӣ аст", - менависанд расонаҳо. Ҳамсари Қурмонбек Боқиев, ки чанде қабл мудири меҳмонхонаи "Минск" шуд, мегӯяд, дар бораи тарҳи мазкур хабар надорад. "Корпоратсияи миллии биотехнологии Белорусия" 11 августи соли 2016 сабти ном шудааст. Эҳтимол ин ширкат дар майдони 160 гектар бунёд шуда, ба истеҳсоли ғизои чорво машғул мешавад.