Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ


Пак Кин Ҳе, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ
Пак Кин Ҳе, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ

Садҳо ҳазор нафар дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ истеъфои раиси ҷумҳури ин кишвар Пак Кин Ҳеро талаб доранд. Эътирозгарон ӯро барои ноӯҳдабароӣ дар идораи ҳукумат муттаҳам мекунанд. Шоҳидон мегӯянд, дар тазоҳурот аъзои ҳизби мухолиф ва намояндагони қишрҳои гуногун ҳузур дошта, баъзе аз сокинон кӯдаконашонро низ бо худ овардаанд. Эътирозҳо дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, баъди он авҷ гирифт, ки рӯзи 25 октябри имсол Пак Кин Ҳе расман узрхоҳӣ кард ва пешниҳод намуд, бо ҳайати мухолифон дар порлумон ҳукумати навро таъсис дода, бахше аз вазифҳояшро дар ихтиёри онҳо гузорад. Раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, инчунин, баъзе аз мушовиронашро аз кор гирифта ва ёварони собиқашро ба иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат ба зиндон фиристодааст. Вале ҳамаи ин кор тазоҳургаронро ором накардааст.

XS
SM
MD
LG