Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Амрико наметавонад созиши ҳастаиро бознигарӣ кунад


Эрон ба ин назар аст, ки раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико Доналд Трамп бояд масъулияти кишварашро дар баробари созиши ҳастаӣ бо Теҳрон иҷро кунад.

Раиси ҷумҳурии Эрон бозбинии созиши Теҳрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаи ҳастаии Эронро имконнопазир хондааст.

Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ созишномаи ҳастаӣ бо Эронро бадтарин созиш хонд ва гуфт, ки дар сурати пирӯзиаш онро бекор хоҳад кард.

Тибқи созиши Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Теҳрон дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ бояд аз барномаи ҳастаиаш даст кашад.

Моҳи январи соли 2016 Оҷонсии байналмилаии нерӯи ҳастаӣ тасдиқ кард, ки Теҳрон масъулияташро дар баробари созишнома иҷро кардааст. Ба думболи ин Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бахше аз таҳримотро алайҳи ин кишвар бекор карданд.

XS
SM
MD
LG