Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтақиди Рамазон Қодиров аз Чеченистон фирор кард


Сокини Чеченистон Рамазон Ҷалолиддинов, ки баҳори соли равон аз фасодкорӣ дар ин ҷумҳурӣ ба Владимир Путин шикоят карда буд, аз кишвар фирор кардааст. Ӯ бо ҳомии ҳуқуқи инсон Светлана Ганушкина дар тамос шуда гуфтааст, ки аз Чеченистон берун шудааст ва ӯро ҷустуҷӯ накунанд.

Ганушкина аз қавли Ҷалолиддинов дар Фейсбук навишт, ки Ҷалолиддинов деҳкадаашро шаби 3 ба 4 ноябр баъди он тарк кард, ки ӯро ба назди ноиби аввали вазири дохилии Чеченистон Аптӣ Аллоуддинов бурданд. Дар онҷо ба ӯ таҳдид карданд, ки агар аз шикоят ва матраҳ кардани мушкилоти деҳкада даст накашад, сарнавишти Ямадаевҳо, ҳомии ҳуқуқ Эстемирова ва Борис Немтсовро такрор хоҳад кард- навиштааст Ганушкина.

Мақомот шиноснома ва телефонҳои мобили уву писарашро гирифта худашонро ҷавоб доданд. Субҳи рӯзи дигар наздиконаш ӯро дар хонаи хобаш пайдо накарданд.

Миёнаҳои моҳи апрел Ҷалолиддинов аз фасодкорӣ дар Чеченистон ба президенти Русия Владимир Путин шикоят кард. Ба дунболи ин таҳдидҳо ба унвони Ҷалолиддинов оғоз шуданд. Моҳи май афроди ношинос хонаи Ҷалолиддиновро оташ заданд ва ӯ аз раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров узр пурсид. Дар вокуниш Қодиров ба ӯ машварат дод, ки ба ватан баргардад ва ваъда дод, ки аз ӯ муроқибат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG