Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз талоши партоби мушак аз тарафи шӯришиёни шиаи ҳусӣ ба Макка шадидан нигаронӣ карда, чунин бархӯрдро, ба қавли раҳбарияти ин ниҳоди динӣ, қотеона маҳкум кардааст. Ин изҳороти расмии Шӯрои уламо рӯзи 4 ноябр қабул шудааст.
Дар матни изҳорот гуфта мешавад, шӯришиёни ҳусӣ рӯзи 27 октябри имсол талош карданд, ба ҷониби Макка мушак партоб кунанд. "Ин амали нафратангез, ки дар маҳдудаи мантиқу ақли солим намегунҷад, бори дигар исбот мекунад, нерӯҳои вайронгар ҳеҷ эҳтиром ба ахлоқу арзишҳои волои динию инсонӣ намегузоранд ва тамаддуни башариятро ба чолиш мекашанд. Қарзи инсонии мост, ки алайҳи чунин нерӯҳо дастҷамъона мубориза барем", - таъкид шудааст дар изҳорот.
Охири моҳи октябр нерӯҳои Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки аз як ҳамлаи мушакӣ дар наздикии Макка ҷилавгирӣ кардаанд. Ба иддаои онҳо, ин мушак аз тарафи шӯришиёни ҳусӣ партоб шудааст. Арабистони Саудӣ эътилоферо раҳбарӣ дорад, ки дар Яман бо шиаҳои ҳусӣ дар ҳоли ҷанг аст.
Ҳусиҳо, ки аз тарафи Эрон ва шарикони дигари вафодор ба президенти собиқ Алӣ Абдулло Солеҳ пуштибонӣ мешаванд, бахши умдаи шимоли Яманро таҳти назорат доранд. Нерӯҳои содиқ ба президент Ҳодӣ, ки Арабистони Саудӣ тарафдораш ҳаст, бахшҳои дигари кишварро бо қабилаҳо, таҳти назорат гирифтаанд. Бинобар маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар низои Яман ҳудудан 10 ҳазор нафар, бо шумули 3800 ғайринизомӣ кушта шуданд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки идомаи хушунатҳо дар Яман фоҷиаи башарӣ аст ва паёмадҳои ногувор барои тамоми минтақа дорад. "Ба хотири сулҳу субот ва рифоҳи мардуми мусалмон ҷонибҳои даргирро дар ин кишвар салоҳ аст, ки бар арзишҳои муқаддаси дини мубини Ислом, иззату шарафи инсон ва ахлоқи ҳамида арҷ гузоранд ва бо роҳи гуфтушунид ва ҳусни тафоҳум истиқрори сулҳу адолатро дар сарзамин худ таъмин намоянд", - гуфтаанд аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон.