Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI файлҳои марбут ба Клинтонро таҳқиқ мекунад


Бюрои Федеролии тафтишоти Амрико эҳтимоли даст доштани Русия дар маъараки президентии Амрико ва воқеияти санадаҳоеро таҳқиқ мекунад, ки ба Ҳиллари Клинтон рабт мегиранд. Дар файлҳои мавриди бозҷӯӣ гуфта шудааст, ки Клинтон дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба хотири таъмини пирӯзии худ метавонист "нооромиҳои мардумӣ" -ро ташкил кунад.

Қаблан хадамоти махсуси Амрико ба таври ғайрирасмӣ ҳушдор дода буд, ки дар рафти "маъракаи заъиф кардани эътимод ба интихоботи Амрико" Русия на танҳо аз ҳамлаҳои ҳакерӣ ва шикастани почтаҳои электронӣ истифода мекунад, балки хабарҳои бардурӯғи бадномакунандаи интихобот пахш мекунад.

Биноба гуфтаи хабаргузории Ройтерс, Бюрои Федеролии тафтишоти Амрико ёддошти ҳафтсаҳифагиеро меомӯзад, ки онро Роҷер Стоун, ёвари собиқи Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш нашр кардааст. Ин санад рамзи ширкати Клинтон ва Гурӯҳи машваратии BSG-ро дорад. Дар ёддошти таҳти унвони "Барномаи наҷот" гуфта мешавад, ки маъруфияти Клинтон шадидан поён рафтааст ва дар ин робита куллан дигар кардани стратегия ва ташкили "норомиҳои мардумӣ" зарур аст. Истифодаи ба истилоҳ "бомбаи чиркин" барои қатъи раъйдиҳии 8 ноябр истисно нест. Ҷонибдорони Клинтон ин санадро "тақаллубӣ" хонданд.

Ройтерс мегӯяд, ки шеваи дастрас шудани ин санад ва шакли пахши он дар интернет номаълум боқӣ монндааст. Рӯзи 4 ноябр Роҷер Стоун дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки ӯ санадеро дар шакли электронӣ бо линки мақолае дарёфт кардааст, ки муаллифонаш номаълуманд.

XS
SM
MD
LG