Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон мехоҳанд, кодекси баҳсбарангези заминро тағйир диҳанд


Вазорати кишоварзии Қазоқистон пешниҳод кардааст, то ба лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳи кодекси замин 5 тадбире, ки аз сӯи комиссияи замин ироа шудааст, ворид шавад. Пешниҳодро Ерлан Нисанбоев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон зимни ҷаласаи байниидоравӣ дар Вазорати адлияи ин кишвар баён доштааст. Ба гуфтаи вай, комиссия пешниҳод кардааст, то ҳангоми ба иҷора додани заминҳои корам шарт гузошта шавад, ки ба хотири гурез аз норозигии мардум майдонҳои кишт боэҳтиёту самаранок истифода шаванд.

Намояндаи Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтааст, ки ҳамчунин пешниҳод шудааст, то заминҳои корами назди марзҳои давлатӣ ба иҷора дода нашаванд. Ин чораҳоро комиссияи замине пешниҳод кардааст, ки баъд аз як қатор эътирозҳои оммавӣ зидди ислоҳи кодекси замини Қазоқистон тобистони имсол таъсис ёфта буд.

XS
SM
MD
LG