Иттиҳодияи Аврупо аз Русия даъват кард, ки барои идомаи фаъолияти созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилал дар Маскав шароит фароҳам кунад. Дар изҳороте, ки Иттиҳодияи Аврупо пахш кардааст, гуфта мешавад, ки намояндагии ин созмон дар Русия тавҷеҳи баста шудани дари дафтари созмонро комилан ғалат мешуморад.
Рӯзи гузашта мақомоти Маскав дафтари созмони Афви Байналмилалро мӯҳр заданд ва кормандони ин созмон натавонистанд ба бино ворид шаванд, зеро қуфлҳои дарро иваз карда буданд.Намояндагони созмон мегӯянд, тибқи маълумоти дастраскардаи онҳо, нафароне, ки дарро мӯҳр заданд, қарори худро ба "масъалаи иҷора" марбут карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки пули иҷораро бидуни таъхир пардохт кардаанд.
Ин маълумотро Идораи амволи Маскав низ тасдиқ кардааст.