Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгор дар ҳамҷинсгароӣ бо шогирдаш айбдор мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Тотористони Русия зидди як омӯзгори забонӣ русии мактаби миёна бо айби ҳамҷинсгароӣ бо шахси ноболиғ парванда боз шудааст. Бино ба фарзияи муфаттишон, Румия Ҳусайнова тобистони соли 2016 чаҳор маротиба бо хонандаи 15-солае амали шаҳвонӣ анҷом додааст. Ва ҳангоми робитаи ахир духтар ба хунравӣ гирифтор шуда, ӯро ба беморхона интиқол додаанд. Гумонбар пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ба иттилои Идораи тафтишотии Тотористон, парвандаи мазкур ба додгоҳ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG