Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳо дар фурудгоҳи Манас баъди таҳдиди бомбаи козиб


Ба думболи занги телефонии як нафари номаълум, ки гуфт дар бинои фурудгоҳ бомба гузошта шудааст, якчанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси Қирғизистон ба таъхир уфтод ва мусофиронро муваққатан аз бино берун карданд.

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Манас гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 31 октябр рух дод ва ходимони ҳифзи тартибот ва минакобҳо ҳеҷ бомбаеро дар фурудгоҳ пайдо накарданд. Пулис ба ҷустуҷӯи нафаре оғоз кардааст, ки тавассути телефон аз бомбагузорӣ дар бинои фуругоҳи Манас хабар дод.

XS
SM
MD
LG