Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Молдова ба даври дувум рафт


Дар интихоботи президентии Молдова ҳеч кадоме аз номзадҳо, на сотсиалист Игор Додон ва на либерали ростгаро Майя Санду натавонистанд, беш аз 50%-и овозҳоро ба даст оранд. Аз ин рӯ, баъди ду ҳафта, дақиқтараш 13 ноябри соли равон даври дувуми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Ин бори нахуст аст, ки тайи 20 соли ахир президенти Молдоваро бевосита мардум интихоб мекунад. То кунун раҳбари давлатро вакилон таъйин мекарданд. Раъйгирии мазкурро мешавад ҳамчун рақобат миёни ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Русия ном бурд.

Зеро Игор Додон, иқтисодшиноси 43-сола ва раиси Ҳизби сотсиалистии Молдова гуфтааст, ки тасмим дорад самти сиёсати аврупогароии кишварашро тағйир диҳад.

Ин дар ҳолест, ки рақиби ӯ Майя Санду, вазири пешини маориф ва намояндаи "Ҳизби амал ва ҳамраъйӣ" мегӯяд, дар сурати пирӯзияш наздикшавӣ бо Брюсселро, ки бар пояи қарордоди соли 2014 бо Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад, идома хоҳад дод.

Номзади севуми эҳтимолӣ ба мақоми президентии Молдова соҳибкори сарватманд Влад Плахотнюк шумурда мешавад. Мунаққидонаш тасдиқ мекунанд, ки таъсири ин соҳибкор ба сиёсати Молдова аз ҳад "зиёд" аст. Плахотнюк солҳои 2010 то 2013 муовини раиси порлумони Молдова буд.

XS
SM
MD
LG