Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, аз нишасти Берлин интизороти зиёд надорад


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Давлати Русия мегӯяд, аз нишасти қарибулвуқӯъ дар бораи ҳалли муноқиша дар шарқи Украина интизориҳои зиёд надорад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия, рӯзи 19 октябр ва чанд соат пеш аз мулоқоти раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон ва Украина сӯҳбат кард. Нишаст дар шаҳри Берлин сурат мегирад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳурии Украина, ҳам пештар гуфт, аз нишаст “интизории бисёр зиёд” надорад. Дмитрий Песков гуфт, ҳадафи нишаст арзёбӣ ва пайдо кардани монеаҳоест, ки намегузоранд, созиши сулҳи Минск иҷро шавад. Ин созиш, ки бо миёнҷигарии Фаронсаву Олмон соли 2015 ҳосил шуд, имкон дод, ҷангҳои васеъмиқёси ҷудоиталабон ва нерӯҳои Украина дар шарқи кишвар хотима ёбад, вале даргириҳои пароканда аз он замон то кунун идома дорад. Дар муноқиша дар шарқи Украина, ки моҳи апрели соли 2014 шурӯъ шуд, то ҳол бештар аз 9 600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG