Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cухангӯи Толибон: "Ҳеҷ музокирот ҷараён надорад"


Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабарҳо дар бораи музокироти маҳрамона бо намояндагони ҳукумати Афғонистонро дар Доҳа рад кард. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 октябр як мақоми аршади Толибон бо шарти ифшо нашудани номаш ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ду даври музокироти пинҳонӣ миёни Толибон ва намояндагони ҳукумат дар Қатар баргузор шудааст.

Нашрияи бритониёии The Guardian низ навишт, ки дар музокироти маҳрамона Мулло Абдулманнон Охунд, бародари раҳбари собиқи Толибон Мулло Умар ва раиси хадамоти истихбороти Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станикзай ҳузур доштанд. Аммо сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 19 октябр ҳамагуна хабарҳои матбуотиро дар бораи гуфтушунид бо ҳукумат рад кард ва гуфт, "мавқеи мо дар бораи музокирот дигар нашудааст".

Толибон солҳо боз хуруҷи нерӯҳои хориҷиро аз қаламрави Афғонистон ҳамчун шарти аввали музокироти сулҳ талаб доранд.

XS
SM
MD
LG