Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти маҳрамони мақомоти Афғонистон бо Толибон


Як мақоми баландпояи Афғонистон гуфт, ки аз авоили моҳи сентябр ду давраи музокироти маҳрамонаи сулҳ бо Толибон дар шаҳри Доҳа баргузор шудааст. Ин мақом, ки рӯзи 18 октябр бо Радиои Озодӣ ба шарти ошкор нашудани номаш сӯҳбат мекард, ҷузъиёти бештар надод.

Субҳи рӯзи сешанбе, нашрияи "The Guardian"-и Бритониё навишт, ки намояндагони Толибон ва мақомоти Афғонистон музокироти пинҳониро дар моҳи сентябр аз сар гирифтанд. Ба навиштаи ин нашрия, дар музокирот аз Толибон Мулло Абдул Маннон Охунд, бародари Мулло Умар, раҳбари собиқи Толибон, ки хабари маргаш соли гузашта дастрас шуд, намояндагӣ мекард. "The Guardian" навиштааст, ки мулоқоти рӯ ба рӯи Охунд авоили моҳи сентябр бо раиси хадамоти истихбороти Афғонистон Муҳммад Маъсум Станекзай "ҷараёни мусбат дошт."

Авохири моҳи сентябр Кобул бо яке аз ҷангсолорони исломӣ Гулбуддин Ҳикматиёр созиши сулҳ имзо кард. Манбаи Толибон ба "Guardian" гуфтааст, ки дар ҳарду даври музокирот мақомоти ИМА ҳузур доштанд, вале ҳеҷ мақоми Покистон иштирок надошт.

Сафорати Амрико дар Афғонистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард. Мақомоти Афғонистон тасдиқ карданд, ки Станекзай дар ин авохир ҳади яққал як дафъа ба Доҳаи Қатар сафар дошт.

XS
SM
MD
LG