Петр Порошенко, президенти Украина бо имзои як қарор муҳлати таҳримҳои кишварашро зидди Русия дароз кардааст. 167 ширкат ва 335 шаҳрванди дигари Русия низ ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил гаштаанд.
Маҳдудиятҳо асосан зидди кормандоне дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу додгоҳии Русия ҷорӣ шудаанд, ки ба назари Киев, дар таъқиби коргардон Олег Сентсову фаъоли ҷамъиятӣ Александр Колченко ва боздошти ғайриқонунии шаҳрвандони дигари Украина ҷавобгаранд.
Ба ҷуз ин, Порошенко ба Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофеаи кишвараш дастур додааст, то зидди шахсоне, ки дар баргузории интихоботи Думаи давлатии Русия дар Қрим даст доранд, таҳримҳоро омода кунад.
Украина бори нахуст зидди Русия моҳи сентябри соли 2015 таҳрим элон карда буд.