Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черногория. Сабқати сотсиалистҳо ва "Фронти демократӣ"


Мило Ҷуканович, нахуствазири феълии Черногория
Мило Ҷуканович, нахуствазири феълии Черногория

Рӯзи якшанбе дар Черногория овоздиҳӣ барои интихоби вакилони порлумони ин кишвар шурӯъ шуд. Барои пирӯзӣ дар интихобот Ҳизби сотсиалист ба раҳбарии нахуствазири феълӣ Мило Ҷуканович ва "Фронти демократӣ" – эътилофи наздик ба Русияи мухолифон – талош доранд. Ҷуканович ҳангоми овоздиҳӣ гуфт, натиҷаи интихобот рушди ояндаи Черногорияро муайян хоҳад кард. Моҳи майи имсол ҳукумати Мило Ҷуканович санади ворид шудани Черногорияро ба НАТО имзо намуд. Ин санад иҷоза медиҳад, Черногория дар ҷаласаҳои созмони низомӣ ба ҳайси нозир иштирок кунад. Аммо эътилофи "Фронти демократӣ" алайҳи ворид шудани ин кишвар ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупост. Ин эътилоф ваъда медиҳад, дар сурати пирӯзӣ эътирофи истиқлоли Косоворо низ бекор хоҳад кард. Ҳизби ҳоким қаблан эътилофи мухолифонро барои дарёфти сармоя аз тарафи Маскав муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG