Иштироки Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ то охири ҳафтаи равон ба нақша гирифта нашудааст. Дар ин бора Айдос Укибой, сухангӯи президент иттилоъ додааст. Ҷаноби Укибой гуфтааст, ки дар ҷадвали кории Назарбоев баъзе "дигаргуниҳо" ворид шуда, ба ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки қарор аст 14 октябр дар Ереван баргузор шавад, ба ҷои президент сарвазири Қазоқистон меравад.
"Президент дар робита ба сармохӯрдагияш табобат мегирад ва дар умум вазъи саломатии ӯ ҳеч мояи нигароние надорад", - афзудааст сухангӯи Назарбоев. Тавре дастгоҳи президенти Арманистон хабар дода буд, Назарбоев барои иштирок дар саммити СПАД бояд 13 октябр ба Ереван сафар мекард. Ба гуфтаи Укибой, фаъолияти президенти Қазоқистон дар оянда бар пояи "ҷадвали кории муқаррарӣ" идома хоҳад ёфт.