Дар пайи ҳамла ба мазори Зиёрати Сахӣ дар Кобул 14 нафар кушта ва 39 тани дигар маҷруҳ шуданд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамла соати ҳафтуними шоми 11 октябр, дар ҳоле сурат гирифт, ки гурӯҳе дар маросими "Ошӯро" азодорӣ мекарданд. Ба қавли Сиддиқӣ, ҳамла аз тарафи як нафари мусаллаҳ сурат гирифтааст. Аммо Абдураҳмон Раҳимӣ, қумондони амнияи Кобул, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, дар ин ҳамла чаҳор нафар даст дошта ва онҳо аз тарафи нерӯҳои давлатии афғон кушта шуданд. То ҳол масъулияти ҳамларо касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Тибқи ривоятҳои исломӣ, шиаҳо рӯзи "Ошӯро"-ро барои он бузургдошт мекунанд, ки дар ин рӯз Ҳусайн - набераи ҳазрати Муҳаммад, паёмбари ислом, бо 72 тан аз ёронаш ба шаҳодат расиданд. Аз ин рӯз дар Афғонистон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ маросимҳои хоси додани садақа ва рафтан ба зиёратгоҳҳо баргузор мешавад.