Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ ҳалокати таблиғгари аршадашро тасдиқ кард


Гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ҳалокати таблиғгари аслиашро, ки, ба гуфтаи Пентагон, моҳи гузашта дар пайи ҳуҷуми ҳавоии Амрико дар Раққаи Сурия кушта шудааст, таъйид кард. Ин гурӯҳ бо нашри изҳороте дар Интернет аз Абдулҳасан Салмон ал-Файод, ки бештар бо номи Абу Муҳаммад ал-Фурқон шинохта шудааст, ситоиш кардааст. Дар изҳорот гуфта нашудааст, ки ал-Фурқон, кай, чӣ тавр ва дар куҷо кушта шуд.

Моҳи гузашта Пентагон гуфт, эътилофи таҳти назари Амрико ал-Фурқонро дар ҳуҷуми ҳавоии 7 сентябр маҳв кард. Пентагон мегӯяд, ки Абдулҳасан Салмон ал-Файод ё ал-Фурқон ба ҳайси вазири иттилооти ДИИШ як масъули таблиғот ва узви Шӯрои раҳбарияти ин гурӯҳи тундрав буд.

ДИИШ дар изҳороти худ ал-Фурқонро сарвари дастгоҳи таблиғотии худ тавсиф кардааст. Ҳуҷуми ҳавоии моҳи гузашта дар наздикии Раққа ба вуқӯъ паваст ва ал-Фурқонро дар ҳоле ҳадаф қарор дод, ки, ба гуфтаи Пентагон, ӯ савори дучарха дар беруни хонааш буд.

XS
SM
MD
LG