Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти паноҳандаи Сурия бо гумони экстремизм дар Олмон


Дар шаҳри Лейптсиги Олмон як марди суриягӣ боздошт шуд, ки пулис ду рӯз пайи ӯ мегашт. Аз хонаи ин мард дар Ҳемнитса тамоми маводи зарурӣ барои омода кардани бомбаи нерӯманд мусодира шуд. Бино ба гуфтаи хабарнигорони Олмон, ин марди 22-соларо, ки аз ӯ Ҷобир ал-Бакр ном бурда мешавад, паноҳандагони Сурия дар Лейптсиг боздошт карда, дастонашро бастанд ва ба пулис супурданд. Яке аз ин паноҳандагон ал-Бакрро дар истгоҳи роҳи оҳан дида шинохтаст.

Ин паноҳанда Ҷобир ал-Бакрро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват карда ва баъдан бо чанд суриягии дигар дасту пояшро баста ба пулис занг задаанд. Ду рӯз пеш аз ин, пулиси Ҳемнитса бар пояи маълумоти истихборотӣ кофтукобро дар хонаҳо анҷом доданд ва дар хонаи Ҷобир ал-Бакр якчанд грамм маводи таркандаи бисёр нерӯмандро ошкор карданд. Тибқи дастур ва ба хотири осеб надидани мардум пулис аз боздошти ал-Бакр, махсусан аз байн бурдани ӯ дар ноҳияи серодами Ҳемнитса даст кашид. Ин ба Ҷобир ал-Бакр имкон дод, ки пинҳон шавад.

Паноҳандаи фирорӣ дар пайгарди саросарӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи матбуоти Олмон, марди боздоштшуда паноҳандаи суриягӣ буда, бар пояи санадҳо бо гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" робита доштааст. Дар гуфтушунид бо "ҷиҳодиҳо" ӯ масъалаи таҳия ва татбиқи амалиёти террористӣ дар яке аз фурудгоҳҳои Берлинро тарҳрезӣ мекард.

Раҳбари Иттифоқи касабаи пулиси Олмон Райнер Вендт аз ҳамоҳангии пулис ва хадамоти амният, ки гумонбаршударо ошкор ва аз вуқӯи амалиёти террористии бузургҳаҷм ҷилавгирӣ кардааст, ситоиш намуд. Ӯ дар посух ба назари мунтақидон, ки мегӯянд, пулис ин гумонбаршударо аз мадди назар дур кард ва гузошт, ки ӯ як муддат нопадид шавад, гуфт, "бале, ин ки гумонбаршуда барои муддате аз назар нопадид шуд, эҳсоси норозигиро бедор мекунад, аммо ин ба ҳеҷ сурат нокомии пулис нест".

XS
SM
MD
LG